ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ рӯзи шанбе дар ҷаласаи ситоди миллии мубориза бо корона афзуд: "Дар чорчӯби ин маҳдудият, тамоми иқдомоте, ки умдатан ба фаъолиятҳои омӯзишӣ ва таҷаммӯъ дар муносибатҳои мухталиф марбут мешавад, аз рӯзи чаҳоршанбеи оянда ба муддати 10 рӯз мамнӯъ мешавад."
Руҳонӣ гуфт: "Маҳдудиятҳое ҳам, ки пеш аз ин барои 43 шаҳристон тасвиб шуда буд, дар ин ҷаласа тамдид шудааст."
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идома бо баёни ин ки барои мавқеият дар муқобила бо вируси корона ҳама бояд ба вазоифи мушаххаси худ амал кунанд, гуфт: "мардум бояд бо ҳама тавон ба саҳна биёянд ва бо риояти комили дастурамалҳои беҳдоштӣ ба давлат дар муқобила бо вируси корона кӯмак кунаннд.
Бар асоси охирин омори Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон то зуҳри рӯзи шанбе 34 ҳазору 864 нафар бар асари бемории Ковид -19 ҷон бохтаанд.
342/